Акси духтари эронии зебову беҳиҷоб корбарони шабакаҳои иҷтимоиро қоил кард

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси як духтари зебои эрониро баррасӣ мекунанд, ки дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон тими Эронро дастгирӣ мекард
Sputnik

Дар интернет акси зани эроние, ки дар рафти ҷоми футболи ҷаҳон тими Эронро мухлисӣ мекунад, машҳур мешавад.

Корбарон пай бурдаанд, ки либоси ин зан ба акси ID-корте, ки дар гарданаш овезон аст, комилан фарқ дорад.  

​Ӯ дар акс либоси анъанавии исломӣ ба бар кардааст, ки мӯйсар, китф ва дастонашро пинҳон мекунад. Аммо ба варзишгоҳ ӯ бе ҳиҷоб, бо домани кӯтоҳ ва шиками кушода омадааст.

​Акси зани зебои эронӣ байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, дар байни корбарони вебгоҳи Reddit баҳси гармеро ба миён овардааст.

Пештар мақомоти Эрон эълом кард, ки маҳдудияти занонро дар тамоишои бозии футбол дар варзишгоҳҳо бардоштааст.