Бо сарпарастии Р. Эмомалӣ: сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба Суғд сафар карданд

Дар Суғд аз 28 июн то 2 июл ҷашнвораи фарҳангии "Марҳабо ба Суғди бостон" баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон барои ширкат ба ҷашнвораи фарҳангӣ ба Суғд меҳмон мешаванд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 28 июн иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии "Марҳабо ба Суғди бостон" аз шаҳри Душанбе озими вилояти Суғд шуданд.

"Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд аз 28 июн то 2 июли соли 2018 ҷашнвораи фарҳангиву сайёҳии "Марҳабо ба Суғди бостон" баргузор мегардад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Иштирокдорони ҷашнвора 4 рӯз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд дидан намуда, дар барномаи калони фарҳангию ҳунарӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Исфара ширкат меварзанд.

Ҳадафи ҷашнвора рушди гардишагирии дохилӣ, таҳкими дӯстӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи кишвар ва муаррифии захираҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад.

Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон соли 2018 — соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст.