ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар майдони сохтмоние дар шаҳри Санкт-Петербург байни муҳоҷирон ҷанҷоли гурӯҳӣ сар зад, хабар медиҳад "Фонтанка".
Ба гуфтаи шоҳидон, коргарон ба сӯи якдигар санг мепартофтанд ва аз калтак истифода мебурданд.
Бино бар маълумотӣ пешакӣ дар ин задухӯрд наздики 100 муҳоҷир ширкат доштанд, ки аз санг, калтак ва арматур истифода мебурданд.
Сокинони маҳаллӣ аз ин ғавғо ба ташфиш омада, ба полис хабар доданд. Аммо замоне, ки кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расиданд, издиҳом алакай пароканда шуда буд.
Баъдан маълум шуд, ки дар пайи ин қазия ду нафар — як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва як муҳоҷири 37-солаи узбак ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.
Кормандони полис 30 коргари сохтмонро дастгир кардаанд. 26 нафари онҳо шаҳрвандони Узбакистон ва ду нафараш аз Тоҷикистон мебошанд.
Пулиси шаҳри Санкт-Петербург нисбати 19 боздоштшуда бо иттиҳоми вайрон кардани қавонини муҳоҷиратӣ суратмаҷлиси маъмурӣ тартиб дода, 11 нафари дигарро ба авбошӣ айбдор кардаанд.