Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда гашта, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +10+15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво софу беғубор, ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.