Оғози мавсими ҳаҷ дар Тоҷикистон маълум шуд

Кумитаи дини Тоҷикистон эълон намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон барои адои Ҳаҷ ба анҷом расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Шашуми август гурӯҳи нахустини зоирон аз Тоҷикистон иборат аз 180 нафар ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад.

Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид кардааст, ки қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон барои адои маносики Ҳаҷ ба анҷом расидааст. Ҳуҷҷатҳои довталабон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори кумитаи дин супурда шудааст.

Адои маносики  Ҳаҷ аз 25 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба тавофуқа расида буданд, ки интиқоли ҳоҷиёнро ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва ширкати саудии "ФлайеНас" анҷом хоҳанд дод.

Теъдоди квотаҳомисли соли гузашта зиёда аз 6 ҳазорро ташкил медиҳад.

Омодаги ба адои ҳаҷ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ шуруъ шуда буд. Ҳамин тавр, дар ин росто Рустами Эмомалӣ дар бораи омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими "Ҳаҷ-2018" дар Душанбе комиссияи шаҳрӣ таъсис дода буд.

Комиссияи мазкур вазифадор шуда, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими "Ҳаҷ-2018" тадбирҳои зарурӣ андешад.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо зарур аст, баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ба комиссияи шаҳрӣ то муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.

Тибқи қарори шаҳрдорӣ, раиси комиссияи шаҳрӣ дар шаҳри Душанбе бояд то 6 апрели соли 2018 рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ирсол намояд.

соли гузашта барои адои ҳаҷ беш аз 6,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Апрабистони Саудӣ сафар карданд.

Дар соли 2017 арзиши адои ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазор сомониро (3650 доллар) ташкил медод, ки нисбат ба соли 2016 адои ҳаҷ 4 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.