Боздошти ду сокини Хоруғ ба иттиҳоми дуздии 163 ҳазор сомонӣ

Муттаҳамон шабона ба манзили сокини ҳамин шаҳр - Ҷалол Хоркашов даромада, бо роҳи пинҳонӣ 18 ҳазор доллар ва 1 ҳазору чорсад сомониро тасарруф кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ВМКБ ду сокини шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми дуздии 163 ҳазор сомонӣ боздошт шудаанд.

Бино бар иттилои манбаъ,  22-юми июн сокини ҳамин шаҳр — Ҷалол Хоркашови 26-сола ба шӯъбаи милисаи Хоруғ шикоят бурд, ки аз манзили истиқоматиаш наздики 164 ҳазор сомониро гум кардааст.

"Тахминан соати 21:20-дақиқа, шахсони номаълум бо мақсади дуздӣ, ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии ӯ гардида, аз даруни ҷузвдон маблағи махсусан калон, яъне 18 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 ҳазору 400 сомонӣ пули нақд, муттаносибан 163 ҳазору 800 сомониро дуздӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

ВУД меафзояд, дар пайи чорабиниҳои бозҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ муайян гардид, ки 20 июни соли 2018, тахминан соати 21:20-дақиқа, шаҳрвандон  Адиб Нурмамадови 35-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, бо ҳаммаслакаш Далер Шораматов бо маслиҳати пешакӣ ба манзили Ҷалол Хоркашов даромада, аз даруни ҷузвдон маблағи махсусан калон, яъне 18 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 ҳазору 400 сомониро тасарруф кардаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи ШВКД дар шаҳри Хоруғ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур, шаҳрвандон Нурмамадов Адиб Шарифмамадович ва Шораматов Далер Душанбиевич дастгир гардида, зимни пурсиш ба ҷинояти содиркардаи худ пурра иқрор гардиданд ва далели шайъӣ ба миқдори зиёди маблағи пулӣ аз онҳо гирифта шуда, айни ҳол аз тарафи Шуъбаи тафтишотии РВКД дар ВМКБ тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.