Аз узбак буданам ифтихор мекунам: шиори тиҷорати Алишер Усмонов

Сарватманди узбактабори муқими Русия Алишер Усмонов дар феҳрасти сарватмандтарин шахсони Бритониё ҷойи ҳаштумро ишғол намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷири узбактабори Русия Алишер Усмонов моҳи май дар феҳрасти сарватмандтарин шахсони Бритониё ҷойи ҳаштумро ишғол карда буд, менависад рӯзномаи Sunday Times.

Қаблан Алишер Усмонов дар феҳарсти нашрияи Forbes низ ҷойи даҳумро ишғол намуд. Вай дар феҳрасти нави нашрия панҷ зина боло рафтааст. Бар асоси додаҳои ин манбаъ, дороии Усмонов 12,5 миллиард доллар ҳисоб карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2012 бар асоси нишондоди нашриёти Блумберг Алишер Усмонов дорои 20 миллиард доллар буд. Вай дар соли 2012 дар феҳристи нашрияи Bloomberg Markets Magazine дар миёни сарватмандтарина шахсони дунё ҷойи 50-умро ишғол намуда буд.

Аммо маҷаллаи "Forbes" навишта буд, ки Алишер Усмонов дар миёни сарватмандтарин шахсони Русия ҷойи севумро ишғол менамояд.

Дар оғози соли 2017 раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Алишер Усмонов  барои саҳми бузург дар умури хайрия ва иҷтимоъӣ бо нишони "Барои накӯкорӣ" сарфароз кард.

Алишер Усмонов на танҳо ба тиҷорат, балки ба корҳои хайрия низ машғул аст.

Қаблан вай қайд кард, ки бо ҳукумкати Узбакистон дар таъмирии ёдгориҳои таърихӣ дар Самарқанд, Бухоро ва Тошканд кӯмак хоҳад кард.

Вай таъкид карда буд, ки омода ҳаст аз ҳар ҷиҳат кӯмак кунад. "Нақши имрӯзаи ман — ин маслиҳат ва лоиҳаҳои хайриявӣ дар Узбакистон мебошад,- гуфта буд вай ба хабаргузории Reuters.

Инчунин дар яке аз суҳбатҳояш Усмонов таъкид карда буд, ки аз узбак буданаш ифтихор мекунад. "Ман ифтихор мекунам, ки Узбакистон ватани ман аст. Ман ҳамеша омода ҳастам барои ватанам кумак кунам" — тавзеҳ дода буд Алишер Усмонов.