Эмомалӣ Раҳмон 20 ҳазор моҳии "сазан" ва "амури сафед"-ро ба дарёи Сир партофт

Моҳиҳои "амури сафед", "пешонағафси сафед" ва моҳии "карп" ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Имрӯз, 26 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд президент Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳиҳои навъи "сазан" ва "амури сафед" — ро сар дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фуруши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Аз руи маълумоти мутахассисони ин бахш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи "амури сафед", "пешонағафси сафед" ва моҳии "карп" парвариш карда мешаванд.

Моҳиҳои "амури сафед", "пешонағафси сафед" ва моҳии "карп" ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.

"Баъди сар додани моҳиҳо дар дарёи Сир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушд бахшидани ин бахши сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид дод", — афзудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи март низ кишвардор ҳини сафар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд 10 ҳазор моҳии "амури сафед"-ро ба ҳавзи махсуси моҳипарварӣ партофта буд.