ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
"Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи раисҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбодӣ менамоям" — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи интихоботи мазкурро як нишонаи эътимоду дастгирии ҷомеаи Туркия аз сиёсати созандаи Раҷаб Тайип Эрдуғон арзёби кардааст.
"Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими ҳамаҷонибаи муносиботи гуногунҷанбаи судманд бо Туркия мебошад ва мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем. Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъю эҳтимоми муштарак равобити неки байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, онҳоро бо мазмуну мундариҷаи тоза боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид" — гуфта шудааст дар бароқия табрикотӣ.
Лозим ба ёдоварист, ки раисҷумҳури Туркия Тайип Эрдуғон аллакай дар давраи аввали интихобот пирӯзии мутлақро ба даст овард. Ӯ дар интихоботи гузашта беш аз 52 дар сади райи мардумро ба даст овард.