Китобхонаи миллӣ хонандаи беҳтарин ва китобдори солро муайян мекунад

Китобхонаи миллии Тоҷикистон миёни хонандагон ва кормандони Китобхона озмуни “Хонандаи беҳтарин ва Китобдори сол” эълом кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 4 сентябр гузаронида мешавад, миёни хонандагон ва кормандони Китобхона озмуни "Хонандаи беҳтарин ва Китобдори сол" эълом кардааст. Дар ин бора вебгоҳи Китобъонаи миллӣ хабар медиҳад.

"Дар ин озмун нафаре ғолиб мешавад, ки дар давоми сол китобҳои бадеии бештаре хондааст. Инчунин ин нафар бояд дар барномаҳои китобхона иштирок намуда, дар муаррифии китобҳои Китобхона ширкат намуда, тавассути расонаҳо китобҳоро ба мардум муаррифӣ кунад" — таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин дар озмун мазкур қироати шеър, асарҳои беҳтарин ва ҳикоя низ баҳогузорӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории озмун тарғиб ва ташвиқи китоб, кори китобдорӣ, баланд бардоштани самаранокию сифати Китобхона ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолӣ мебошад.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун аз 25 июн то 20 августи соли равон ба Китобхонаи миллӣ супоранд.