Бо ширкати раисҷумҳур дар Шаҳристон Қасри фарҳанг ифтитоҳ шуд

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон кишвардор Эмомалӣ Раҳмон д дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшид, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.

Сохтмони иншооти бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон моҳи августи соли 2017 дар собиқ заминҳои Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Кумитаи идораи замини ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд.

"Харҷномаи лоиҳавии иншооти мазкур зиёда аз 16 миллион сомониро ташкил дода, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Раёсати сохтмони барқарор"-и шаҳри Хуҷанд мебошанд. Дар ин Қасри фарҳанг беш аз 40 нафар аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва санъаткорони ҷавон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд", — гуфта мешавад дар идомаи иттилоия.

Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод карда карда шуд. Санъаткорону ҳаваскорони ноҳия дар баромади худ васфи Тоҷикистону истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ва дигар арзишҳои миллиро карданд.

Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ аз ҷониби раисҷумҳур ба фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон 20 адад асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид.