Рашки сархур: шавҳари ҷавон дар бозор ҳамсарашро кушт

Шавҳари ҳамагӣ 23-сола ҳангоми гушту гузор дар бозор ҳамсари 29-солаашро чанд маротиба корд зада, куштааст. Кормандони ВУД гуфтаанд, ҷавон аз рашк ва ҳасси бадбинӣ ба ҳамсараш корд зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Як зани дигаре аз дасти шавҳар дар кушта шуд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар шаҳри Бохтар, 22 июн тақрибан соатҳои 09:00 дар бозори маъруфи "Ҳоҷӣ Шариф" рух додааст. Ниҳод мегӯяд, сабаби муноқишаи мард бо ҳамсар рашк ва ҳисси бадбинӣ будааст.

"22-юми июни соли 2018, тахминан соати 09:20-дақиқа, дар бозори марказии "Ҳоҷӣ Шариф"-и шаҳри Бохтар аз ҳиссиёти рашку бадбинӣ бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш, зани 29-сола задааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дар рафти амалиёти бозҷӯӣ марди муттаҳам дастгир шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамагӣ се рӯз пеш аз ин ҳодиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ марде ҳамсарашро 11 корд зада, кушта буд.

Пештар чунин як ҳодисаи пурсарусадои куштори ҳамсар дар Душанбе, дар хонаводаи як мансабдори номӣ генерал Раҷаб Ширин рух дода буд. Писари муовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон — Бобоҷон Ширинов дар манзили истиқоматиашон ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваро 11 корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Дар натиҷа зан дар бемористон ба ҳалокат расида, Бобоҷон Шириновро кормандони милиса боздошт карданд. Тафтишот идома дорад.