Дар Тоҷикистон намоишгоҳи қурбониёни шиканҷа баргузор мешавад

Дар чорчӯби ин тадбир дар Душанбе маросими сарфарозкунии рӯзноманигорон барои беҳтарин гузориш дар бобати озодӣ аз шиканҷа ва фаъолтарин муштарии сойти эътилоф – notorturetj.org барпо хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон намоишгоҳи қурбониёни шиканҷа баргузор мешавад, хабар медиҳад Тоҷик ТА.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рӯзи ҷаҳонии дифоъ аз қурбониёни шиканҷа — 26 июн эътилофи ҷомеъаи маданӣ алайҳи шиканҷа ва адами муҷозот намойишгоҳи қурбониёни шиканҷа ва аҳли хонаводагони онҳоро барпо хоҳад кард.

Бино ба иттилои манбаъ, намойишгоҳ рӯзи 26 июн аз соъати 10.00 то 12.00 якбора дар се шаҳр — Душанбе, бинои "Душанбе Плаза", ошёни чаҳорум, Хуҷанд, бинои ширкати "Арвин" ва Бохтар, бинои меҳмонхонаи "Мафтуна" баргузор мегардад.

"Дар чорчӯби ин тадбир дар Душанбе маросими сарфарозкунии рӯзноманигорон барои беҳтарин гузориш дар бобати озодӣ аз шиканҷа ва фаъолтарин муштарии сойти эътилоф — notorturetj.org барпо хоҳад шуд", — омадааст дар иттилои манбаъ.