"Сангтӯда-1" эълом кард, ки "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳ 950 миллион сомонӣ қарздор шудааст

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" нисбат ба моҳи апрел беш аз 60 миллион сомонӣ зиёд шуда, айни ҳол 954,5 миллион сомониро ташкил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вебгоҳи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" хабар медиҳад, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳ 954,5 миллион сомонӣ қарздор шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" қариб 130 миллион сомонӣ зиёд шуда, ба 894 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил додааст.

 "Сангтӯда-1" аз оғози кор (20 январи соли 2008) беш аз 2 551,0 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

ҶСК "НБО Сангтӯда-1" — муассисаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005  дар дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Иқтидори муқарраршудаи  "Сангтуда-1" 670 МВт аст.

Аввалин гидроагрегати нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 ба кор оғоз кард.

Чаҳор гидроагрегати нерӯгоҳи барқии обӣ 31 июли соли 2009 расман ба кор шурӯъ кард. Саҳми умумии коркарди нерӯи барқи НБО Сангтӯда-1 12% тавлиди кулли нерӯи барқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.