Нархи орд дар Тоҷикистон боло рафт

Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки дар моҳи май нархи баъзе аз маводҳои ғизоӣ ба монанди гӯшт, мева, сабзӣ, шакар ва орд ба 1,3 дарсад боло рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи баъзе аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд боло рафт, иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Мутахассисони Бонки миллӣ таъкид кардаанд, ки дар моҳи май нархи маводи ғизоӣ ба монанди гӯшт, мева, сабзи, шакар ва орд ба 1,3 дарсад боло рафтааст. Дар ҳамин ҳол болоравии нархҳои маводи ғизоии номбаршуда ғайр аз орд омили мавсимӣ доштааст.

"Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, нархи орд аз аввали сол раванди болоравӣ дошт. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ арзиши 1 тонна орд 213 долларро ташкил медод, ки нисбат ба аввали сол 16,1 дарсад зиёд шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бино ба маълумоти агентии омори Тоҷикистон, нархи як кило орди навъи якум дар Душанбе 2,90 сомонӣ, Турсунзода —2,86 сомонӣ, Рашт —3,10 сомонӣ, Бохтар —2,80 сомонӣ, Кулоб —2,90 сомонӣ, Хуҷанд —2,64 сомонӣ, Истаравшан —2,60 сомонӣ ва Хоруғ —3,30 сомонӣ будааст.

Бино ба иттилои кумитаи омори байнидавлатии ИДМ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар як сол беш аз 150 кило орд истеъмол мекунад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 воридоти ордро 9,1 ҳазор тонна кам кардааст, аммо воридоти ғалларо ба 45,4 ҳазор тонна зиёд кардааст.