Содиқов: барои саҳифасозӣ аз номи Рустам Эмомалӣ метавонанд муҷозоти сангин кунанд

арои ташкили саҳифаи қалбакӣ дар Фейсбук аз номи Рустам Эмомалӣ дар Тоҷикистон метавонанд ҷазои ҷоноӣ пешбинӣ кунанд, мегӯяд Шарбат Содиқов
Sputnik

Шаҳрдории Душанбе аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар муайян кардани шахсияти созмондиҳандагони саҳифаҳои иҷтимоӣ аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ кӯмак хостааст.

Агар ВУД тавонанд ин афродро муайян кунад, пас авбошии интернетиро метавонанд чун кӯшиши дахолат дар умури давлатдорӣ баҳогузорӣ кунанд, мегӯяд вакил Шарбат Содиқов.

Содиков: за фальшивый аккаунт от имени мэра Душанбе могут серьезно наказать

"Бо далели он, ки Рустам Эмомалӣ корманди далвтӣ аст — ташкили саҳифаро аз номи вай, метавонанд чун дахолат ба умури давлатдорӣ баҳодиҳӣ кунанд. Ҳамчунин метавон мутобиқи дигар моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон табаҳкорро муҷозот кард", — таъкид мекунад Содиқов.

Ба гуфтаи вай, агар аз номи шаҳрдор маводҳои экстримистӣ паҳн шаванд, ҳоли "фейк" бадтар мешавад.

Ёдрас мешавем, дар қонунгузории Тоҷикистон барои ташкили саҳифаи қалбакӣ, бе паҳн кардани маълумоти дурӯғ ва таҳвинкунанда, муҷозоте пешбинӣ намешавад.