Welcome to Tajikistan: милисаҳои тоҷик англисидон мешаванд

Пештар сардори Раёсати Вазорати умури дохила дар Душанбе аз зердастонаш хоҳиш карда буд, ки муносибати нек ва забонҳои хориҷиро омӯзанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мехоҳад курсҳои омӯзишии забони англисӣ ташкил кунад. Бо ин мақсад ниҳод омӯзгори забони англисӣ меҷӯяд.

Дафтари матбуотии ВУД ҶТ дар ин бора эълоне навишта гуфтааст, ки ниҳод дар интизори омӯзгорони пуртаҷриба аст.

"Ҷиҳати гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати забони англисӣ омӯзгорони пуртаҷрибаи забони англисӣ даъват карда мешаванд", — омадааст дар эълони ВУД.

Ёдрас мешавем, пештар сардори Раёсати ВУД дар Душанбе Шариф Назарзода дар як нишасти вижа аз тамоми кормандони ниҳод даъват кард, ки ба ғайр аз маҳорати касбӣ, "муносибати нек ва забонҳои хориҷиро омӯзанд". Дар ин суханронӣ Назарзода бештар ба кормандони БДА киноя карда буд.

Пештар як гардишгари хориҷӣ пас аз сафар ба Тоҷикистон навореро мунташир кард, ки дар он нозирони роҳ бо имову ишора  аз гардишгарон пора талаб мекарданд.

Ин навор вокунишҳои зиёди корбарони интернетро дар пай дошт. Баъдтар маълум шуд, ки нозирони порагир аз ҷониби ВУД муҷозот шуданд.