Мудири "Тоҷпромбонк" 300 ҳазор сомонии бонкро хӯрдааст

Мудир якҷо бо сардори шӯъбаи қарзии филиали бонк 300 ҳазор сомонии бонкро аз худ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Собиқ мудири филиали "Тоҷпромбонк" ба иттиҳоми азхудкунии маблағи калони бонк дастгир шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда 300 ҳазор сомонии бонкро бо роҳи қаллобӣ азхуд кардааст.

Гуфта мешавад, номбурда, бо ҳамроҳии сардори шуъбаи қарзии филиали мазкур зани 43-солаи сокини пойтахт  ба номи марди 60-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳуҷҷатҳои сохта тартиб дода, аз филиали мазкур 300000-сомониро гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.

"Нисбати муттаҳамон бо моддаҳои 245 қисми 4 ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Афзун бар ин, собиқ мудири бонк  аз марди 50-солаи сокини шаҳри Ҳисор барои пардохти қарзи бонкиаш 35000-сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро ба хазинаи бонки мазкур месупорад, аммо маблағро ба хазинаи бонки мазкур насупорида, азонихуд намудааст.

Ёдрас мешавем, моҳҳои апрели соли равон мудири "Тоҷпромбонк" Ҷамшед Зиёевро ба иттиҳоми додани қарзҳои ғайриқонунӣ, сарф ва азхудкунии пулҳои бонк додситонии Душанбе боздошт карда буд.