Эмомалӣ Раҳмон даргузашти академик Раҳим Масовро таслият гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хешу ақрабо, наздикони марҳум, инчунин, ба аҳли илми тоҷик ҳамдардии амиқ изҳор намуда гуфтааст, хизматҳои академикро мардуми тоҷик фаромӯш нахоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Имрӯз, 21-уми июни соли 2018 доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, президент  Эмомалӣ Раҳмон ба хешу ақрабо, наздикони марҳум, инчунин, ба аҳли илми тоҷик ҳамдардии амиқ изҳор намудааст.

"Раҳим Масов дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ба омӯзиши таърихи давлат ва миллати тоҷик машғул буд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, ки паҳлуҳои гуногуни гузаштаи халқи моро инъикос менамоянд, боқӣ гузоштааст", — омадааст дар номаи таслияти раисҷумҳур.

Кишвардор афзудааст, "ӯ дар асарҳои илмии худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст".

"Хизматҳои пурарзиши Раҳим Масов дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд", — таъкид мекунад Эмомалӣ Раҳмон.