Китоби 7 ҷилдаи Аскар Ҳаким рӯнамоӣ шуд

Дар маросими рӯнамоии китоби ҷадиди шоири шаҳир олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони назм иштирок доштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. "Маҷмӯаи осор"-и шоири халқи Тоҷикистон Аскар Ҳаким рӯнамоӣ шуд, хабар мдиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯнамоии китоби 7 ҷилдаи шоир 20 июн дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ин ҷамъомад олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони назм иштирок доштанд.

"Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ зимни муаррифии китоби мазкур нақши осори шоирро дар рушди адабиёти тоҷик беназир арзёбӣ намуд", — омадааст дар иттилои Вазорати фарҳанг.

Зикр гардид, ки эҷодиёти Аскар Ҳаким дар маҷмӯаҳои "Шеър ва замо"» (1978), "Дар қаламрави сухан" (1982), "Раҳнавард" (1983), "Тарозуи Офтоб" (1987), "Путник" (Маскав, 1989), "Рӯзи умед" (1990), "Рубоиёт" (1992), "Баргпайванд" (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993) ва ғайра ба табъ расида, миёни хонандагони тоҷик маъруфияти хоса пайдо намуд. Осори шоир ҳамчунин ба забони русӣ ва забонҳои дигари хориҷӣ интишор ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷамъомад намояндагони аҳли зиёи мамлакат, ба монанди Абдунабӣ Сатторзода, Носирҷон Салимӣ, Ато Мирхоҷа, Ҳақназар Ғоиб, Кароматулло Олимов ва дигарон доир ба паҳлуҳои мухталифи китоби «Маҷмӯаи осор» —и Аскар Ҳаким, аз ҷумла, аҳамият ва нақши тарбиявии он барои хонандаи тоҷик ибрози андеша намуданд.