Академик Раҳим Масовро ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон бурдаанд

Пизишкон маризии академикро сактаи мағзӣ (инсулт) ташхис кардаанд ва аз ӯ муроқибат доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Донишманди маъруфи тоҷик, таърихшинос, академик Раҳим Масови 79-сола ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шудааст. Дар бораи вазъи саломатии донишманд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Тоҷикистон гузориш медиҳанд.

Бино бар иттилои манобеъ, вазъи саломатии академик Масов имрӯз бад шуда, ӯро оҷилан ба бемористон интиқол додаанд.

Пизишкон маризии академикро сактаи мағзӣ (инсулт) ташхис кардаанд ва аз ӯ муроқибат доранд.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Қӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ ва баъдан дар мактаб-интернати Душанбе таълиму тарбия гирифта, соҳиби маълумоти миёна гардид. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961), ихтисос — "таърихи СССР"). Ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карданд.

Аз моҳи августи соли 1961 Раҳим Масов дар ин муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ оғози фаъолият карда, аз тамоми зинаҳои илмию маъмурии он гузаштааст. Солҳои 1961-1964 ба ҳайси лаборанти калон кор карда, аз соли 1964 то соли 1967 дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуғли таҳсили назарияи тахассусӣ ва доир ба мавзӯи рисолавӣ таҳқиқи илмӣ намудааст. Соли 1967 рисолаи номзадиашро, ки дар ҷумҳурӣ нахустин таҳқиқоти таърихнигории замони шӯравӣ ҳисоб меёфт, дифоъ карда, дар ин самт бо ҷиддияти том тадқиқотро идома медиҳад. Раҳим Масов солҳои 1974-1988 дар мақоми мудири шӯъбаи таърихи ҷамъияти шӯравии институти номбурда ифои вазифа дошт.

Таҳти роҳбарии олим дар шӯъбаи мазкур тадқиқоти дастаҷамъӣ ва бунёдии "Таърихи синфи коргари Тоҷикистон" (дар ду ҷилд), "Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон (1917-1977)", "Очерки таърихи Бадахшони шӯравӣ", маҷмӯаҳои зиёди илмию мақолаҳо доир ба масоили умдаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар ҳар кадом навиштаҳояш мавқеи марказӣ доштанд, ба табъ расидаанд.

Натиҷаи заҳмати муттасил буд, ки соли 1982 Раҳим Масов рисолаи доктории худ "Таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон"- ро дар муассисаи аввалдараҷаи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (шаҳри Маскав) бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби баландтарин дараҷаи илмӣ ва баъди чанде барои дастовардҳои илмию таълимӣ ба унвони профессор мушарраф гардид. Соли 1988 Раҳим Масовро ба ҳайси сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб намуданд, ки то соли 2015 онро ба ӯҳда дошт.