ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе зани 27-солае ба иттиҳоми даллагӣ боздошт шудааст.
"Ҳангоми гузаронидани амалтёти бозҷӯӣ кормандони милиса сокини 27-солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар ҷурми даллагӣ боздошт карданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Вазорати умури дохила меафзояд, ин зани ҷавон чанд сокини пойтахт ва ноҳияву шаҳрҳои атрофи Душанберо бо мақсади муносибатҳои маҳрамона ошно карда, аз онҳо пул гирифтааст.
"Номбурда, рӯзи 19-уми июни соли 2018, марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо зани 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои муносибатҳои маҳрамона шинос карда, аз онҳо 200-сомонӣ гирифтааст. Ҳамин тариқ, зан худи ҳамон рӯз марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо зани дар боло зикргардида бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ шинос карда, аз онҳо 200-сомонӣгирифтааст ", — таъкид мекунад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Аз рӯйи ин қазия тафтишот идома дорад.