ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Интиқоли пулии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад ТоҷикТА.
Бино бар иттилои манбаъ, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 487 миллион доллар интиқол ёфт.
"Ба иттилоъи Бонки марказии Русия, ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 64 миллион доллар афзойишро нишон медиҳад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар ин муддат ба ҳаҷми миёнгин дар як бор 87 доллар аз Русия ба ҶТ интиқол гардид.
Дар зимн, сокинони Русия ба ҶТ 195 миллион доллар ва муҳоҷирон 292 миллион доллар интиқол доданд.
Бар асоси додаҳои БМ Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия 32,7 миллион доллар интиқол гардид.
Ёдовар мешаввем, ки соли гузашта ҳаҷми пули аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда 2 миллиарду 536 миллион доллар буд.