Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ мешавад

Майк Пампео, вазири хориҷа ва Никки Ҳейли, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар бораи хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ эълом карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Никки Ҳейли, сафири Амрико дар СММ рӯзи сешанбеи 19-уми июн эълон кард, ки Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ мешавад.

Амрико ин ниҳодро ба бетаваҷҷуҳӣ ба нақзи ҳуқуқи башар дар бархе аз кишварҳо ва гирифтани мавзеъҳои душманона алайҳи Исроил, муттаҳам кард.

Никки Ҳейли аз иқдомоти Русия, Чин, Куба ва Миср барои пешгирӣ аз талошҳои Амрико ҷиҳати ислоҳи ниҳодҳои ҳуқуқи башари СММ, ба шиддат интиқод кард.

"Муддатҳост, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ тарафдори он кишварҳое ҳаст, ки ҳуқуқи башарро поймол мекунанд. Кишварҳое, ки ҳуқуқи башарро нақз мекунанд, инчунин дар ин шӯро ҳузур доранд ва ба узвияти он шомил мебошанд."- гуфтааст Никки Ҳейли

Вай таъкид кардааст ки Шӯро ба мақсадҳои худ нарасидааст. Чунки ба шӯрои мазкур хукуматҳои худкома ба монанди Куба, Венесуэла, Чин ва Ҷумҳурии Конго дохил мешаванд.

Никки Ҳейли афзуд, дар сурате, ки Шӯрои ҳуқуқи башар СММ ба нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ва Венесуэла расидагӣ намекунад ва Конгоро ба узвият мепазирад, дигар ин шӯро эътиборашро гум кардааст.

Вай таъкид кардаааст, ки тамаркуз бар Исроил ва хусуматин бепоён нисбат ба ин кишвар нишонаи онро дорад, ки ин шӯро ангезаҳои сиёсиро ҷутуҷӯ мекунад ва ҳадафи он ҳуқуқи башар нест.

Роҳандозии шабакаи радиои тоҷикӣ дар Амрико

Вале сафири амрико дар СММ таъкид кардааст, ки амрико берун аз доираи СММ ҳимояи ҳуқуқи башарро идома хоҳад дод.

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки дар соли 2006 таъсис шудааст, дар мавриди "хушунатҳои Исроил" дар минтақаҳои ишғолии фаластиниён, як ҷаласаи доимӣ дорад, ки Амрико хостори ҳазфи он аст. Ин ниҳод моҳи гузашта бо анҷом додани як таҳқиқот дар мавриди кушта шудани фаластиниён дар Ғаза, Исроилро муттаҳам кард, ки аз нерӯи низомии худ ба таври "номутаносиб" истифода мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Амрико аз паймонҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла тавофуқи иқлимии Порис ва созиши ҳастаӣ бо Эрон, хориҷ шуда буд.

Амрико пештар аз Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) хориҷ шуда буд.