Шавҳар ба мақомоти милиса муроҷиат кард, ки аз калтакҳои ҳамсар халосаш кунанд...

Мард ба телефони боварии милиса тамос гирифта гуфтааст, ки ба кӯмаки кормандони мақомоти милиса ниёз дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар вилояти Самарқанди Узбакистон марде ба мақомоти милиса муроҷат кард, ки ӯро аз лату кӯби ҳамсар халос кунанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбакистон хабар додаанд.

Шавҳар ба рақамҳои 102 занг зада, кӯмак хостааст ва хабар додааст, ки ҳамсараш лату кӯб карда, ба вай ҷароҳат расонидааст.

Расонаҳои Узбакистон афзудаанд, ки моҳҳои охир дар кишвар шикоят нисбати занон бисёр шудааст.

Авалҳои моҳи июн хабар дда шуд, ки дар Тоҷикистон мӯйсафедеро ҳамсари ҷавонаш ба қатл расонид.

 4 июн, тахминан соатҳои 12:00, аз заминҳои деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидааст.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса, ҳамсари мӯйсафед, зани 31-солаи сокини деҳаи мазкур, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Тафтишот муайян кардааст, ки муттаҳам 3 июн, тақрибан соати 12:30 дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сари ҷабрдида задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.