Борону раъду барқ: ҳавои номусоид дар Тоҷикистон то охири ҳафта идома хоҳад ёфт

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар аксари ноҳияҳо борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафтаи равон идома хоҳад ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +9+ 4 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +25 + 30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.