Заминларзаи 5,6-балла марзи Тоҷикистонро такон дод

Маркази заминҷунбӣ дар ҷанубу шарқи Алмато дар марзи Тоҷикистону Чин ҷойгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Заминларзаи 5,6-балла марзи Тоҷикистонро такон дод, хабар медиҳад Маркази зилзилашиносии Кумитаи илми Вазорати маорифи Қазоқистон. 

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 19 июн дар ҳудуди Тоҷикистон соати 10:04 заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд.

Дараҷаи энеретикии заминҷунбӣ — 11,1 буда,  маркази он дар 534 километрии ҷанубу ғарбии Қазоқистон дар жарфои 20 км ҷойгир шудааст.

Талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашудааст.

Пештар Маркази заминларзашиносии Урупо (EMSC) хабар дод, ки рӯзи 28 апрел дар марзи Тоҷикистону Афғонистон заминҷунбии 5,8-балла рух дод.

Бино бар иттилои коршиносон, маркази заминҷунбӣ 850 килеметрии ҷанубу ғарбии Остона дар жарфои 80 км будааст.

Он вақт низ, талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашуда буд.