Шаҳрдории Душанбе муассиси саҳифаи қалбакии Рустам Эмомалиро дар Фейсбук меҷӯяд

Шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар пайи ҷустуҷӯи муассисони саҳифаи қалбакии раиси пойтахт Рустам Эмомалӣ дар Фейсбук аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Шаҳрдории Душанбе муассисони саҳифаи қалбакии Рустам Эмомалиро  дар Фейсбук меҷӯянд.

Аз шаҳрдории Душанбе ба хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ додаанд, ки аз номи раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ дар Фейсбук се саҳифа идора мешавад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ин саҳифаҳо  маълумоти манфие мунташир намекунанд. Аммо мақомот ин амали корбаронро ғайриқонунӣ мегӯяд.

Шаҳрдории пойтахт аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дархост намудааст, ки дар муайян намудани муассисони саҳифаҳо ва мақсади онҳо бо Ҳукумати пойтахт ҳамкорӣ кунанд.

Шаҳрдории пойтахт ёдрас мешавад, ки айни замон Рустам Эмомалӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ фаъол нест.