Савдои хориҷии Тоҷикистон ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расид

Савдои хориҷии Тоҷикистон тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ ба як миллиарду 700 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 22 дарсад рушд доштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik.  Бино ба гузориши хабаргузории "ТоҷикТА" ҳаҷми умумии Савдои хориҷии Тоҷикистон тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расидааст.

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 429 миллион доллар молу коло содир шуда аст. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми воридот як миллиарду 300 миллион долларро ташкил намуд.

Дар ҳамин ҳол ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3 дарсад ва ҳаҷми ворид 25 дарсад зиёд шудааст. 

Бештари маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар ин муддат маҳсулоти маъданӣ, бофандагӣ, филизоти арзон ва анвои он буда аст. Дар воридот бештар мошин, таҷҳизоти мухталиф, оҳан ва маводи мавриди ниёзи корхонаҳои саноатӣ мушоҳида мешавад.

Русия, Чин ва Қазоқистон аз умдатарин шарикони тиҷории Тоҷикистон тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ муаррифӣ шудаанд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Русия 385 миллион долларро ташкил намудааст. Қазоқистон дар ҳаҷми 345 миллион доллар ва Чин дар ҳаҷми 260 миллион доллар бо Тоҷикистон тиҷорат кардаанд.

Инчунин Тоҷикистон дар ин се моҳ соли ҷорӣ бо 90 кишвари мухталифи ҷаҳон равобити тиҷорӣ доштааст.