"Сафари ҳавоӣ"-и Далер Раҳматов дар Чин ҷоизаи махсус ба даст овард

Аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Чин нахустин Ҷашнвораи синамои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Филми "Сафари ҳавоӣ"-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар Чин соҳиби ҷоизаи махсуси ҳакамон гардид.

Ҷшнвора бо ибтикори Раёсати давлатии кинематографияи Чин, Ҳукумати мардумии музофоти Шандун, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Котиботи Созмони ҳамкории  Шанхай  дар сатҳи зарурӣ баргузор шуда, дар он ҳайатҳо иборат аз роҳбарият ва мутахассисони соҳаи кинои 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир ширкат варзиданд.

Фестивали мазкур  дар 8 давр доир гардида, дар он 55 филми беҳтарин аз 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир намоиш дода шуданд. Аз ҷониби 12 нафар аъзои  ҳайати ҳакамон аз ҳисоби коргардонҳои маъруфи кинои ҷаҳонӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фестивал филмҳои коргардон Носир Раҳмон "Оинаи беҷило" ва "Муаллим", Румӣ Шоазимов "Хоби маймун", Далер Раҳматов "Сафари ҳавоӣ"-ро пешниҳод намуда  буд.

Дар маросими пӯшидашавии нахустин Фестивали кинои СҲШ, ки шоми 18 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао доир гардид, филми «Сафари ҳавоӣ»-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов сазовори "Ҷоизаи  махсуси ҳакамон" гардид.