Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ ва бензин боло рафт

Дар Тоҷикистон дар нуқтаҳои фӯруши сӯзишворӣ нархи бензин 50 дирам боло рафта ба 7-7,2 сомонӣ расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯзишворӣ ба монанди гози моеъ, бензин ва сӯзишвории дизел боло рафтааст.

Ба хусус нархи бензин барои як литр 50 дирам боло рафта, ба 7-7,2 сомонӣ расидааст. Арзиши як литри сӯзишвории дизелӣ бошад 40 дирам боло рафта ба 7,40 сомонӣ расидааст.

Қимати гази моеъ тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ба камияш шаст дирам боло рафтааст.

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фӯруши сӯшизвории шаҳри Душанбе аз 3 сомониву 40 дирам то 4 сомонӣ расидааст.

Таҳвилгарони ин навъи сӯзишворӣ болоравии нархро ба афзоиши арзиши он дар Қазоқистон нисбат медиҳанд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд.

Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 66 ширкат машғуланд. Дар ҳамин ҳол соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид шудааст.

Дар давоми соли охир бошад, ҳиссаи воситаҳои нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, аз 40% то ба 60% боло рафт.