ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон вазиши сахти шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал хоҳад овард.
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд обу ҳавои абрноки боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +24 ва рӯзона +33 — +38 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда буда, ҳаво шабона +14 ва рӯзона +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш буда, ҳаво дар водиҳо шабона +21 ва рӯзона + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрнок буда, эҳтимоли боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст.
Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона +18 ва рӯзона то +37 дараҷа гарм хоҳад шуд.