ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории "Парс тудэй", раисҷумҳури Афғонистон дар паёми видеоие аз тамдиди оташбаси якҷонба бо гурӯҳи Толибон хабар дод. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хотирнишон кард, ба нерӯҳои амниятии афғон дастур додааст, то оташбаси кунуниро аз рӯзи чаҳоруми Иди саиди Фитр тамдид кунанд.
"Вай аз гурӯҳи Толибон низ хост, оташбаси серӯзаи худро тамдид кунад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Давлати Афғонистон аз 12-уми июн ба муносибати Иди Фитр ба муддати як ҳафта бо гурӯҳи Толибон оташбас эълом кард. Ин гурӯҳ низ ҳарчанд ба муддати камтар, аммо он ҳам оташбас эълом кард.
Бо таваҷҷуҳ ба истиқболи дохилӣ, минтақаӣ ва байналамилалӣ аз барқарории оташбас дар Афғонистон миёни гурӯҳи Толибон ва давлати Кобул Муҳаммад Ашраф Ғанӣ онро тамдид кард. Вай умедвор аст, посухи мусбати Толибон ба ин тасмим мунҷар ба заминасозӣ барои тафоҳум ва тақвияти раванди сулҳ дар Афғонистон мешавад.
Чанде пеш кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони узви СҲШ бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ мулоқот карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Тоҷикисон таъмини сулҳу суботро дар Афғонистонро омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонад.
Раисҷумҳур зарурати ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин пурзур кардани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистонро таъкид кард.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг, баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот татбиқи тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии энергетикӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ду кишвар махсус дар бахши энергетика, аз ҷумла лоиҳаи "САSA-1000", роҳандозии лоиҳаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳани "Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон" ҳамчун омили беҳсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маънидод карда шуд.