Дар Хуҷанд 20 тонна хурмои қочоқшударо кашф ва забт карданд

Дар мавриди соҳиби коло парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва барои бозрасии баъдӣ ба додситонии устони Суғд таҳвил шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Кормандони бахши устони Суғди хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд беш аз 20 тонна хурмои Иронро, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди кишвар шуда буд, кашф ва забт карданд.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии хадамоти гумруки Тоҷикистон, хурмоҳо дар хонаи як сокини шаҳри Хуҷанд кашф шуданд. Ӯ хурмоҳоро аз Қирғизистон ворид карда буд.

Дар мавриди соҳиби коло парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва барои бозрасии баъдӣ ба додситонии устони Суғд таҳвил шуд.

Пештар марзбонони тоҷик қочоқи маснуоти заргариро ошкоро ва аз интиқоли онро пешгирӣ карда буданд.

Марзбонони гузаргоҳи "Патар"   қочоқи садҳо маснуоти заргариро ба Узбакистон ба воситаи Тоҷикистон пешгирӣ кард.

Кормандони Дидбонгоҳи гумрукии "Патар"-и Гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи "Опел-Астра" 375 адад маснуоти заргарӣ, аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои тиллоию нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карданд.

Номбурда мақсад доштааст ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Узбакистон интиқол диҳад.