ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 15 июн дар рӯзи таҷлили иди Рамазон ба масҷиди марказии Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд рафт. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд рафт.
Субҳи 15 июн масҷид пур аз сокинон буд. Раиси вилоят сокинони Суғдро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфт.
"Дар моҳи мубораки Рамазон анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон аз одатҳои милливу динии тоҷикон ба ҳисоб меравад", — афзуд Аҳмадзода.
Раиси вилоят аз мардум даъват кард, ки дар ин рӯзҳои муборак некиву ободкорӣ ва дастгирии ятимону барҷомондагонро фаромӯш насозанд.
Дар рӯзи таҷлили ид дар 104 масҷиди ҷомеи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд намози ид барпо шуд.