"Фол"-и Раҳмон рост баромад: раисҷумҳур пирӯзии тими Русияро пешгӯӣ кард (НАВОР)

Президенти Тоҷикистон дар вақти тӯбро ба Волк Забивака ҳавола додан, пешгӯӣ кард, ки нахустин голро Русия мезанад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Сабқатеро, ки рӯзи аввали баргузории ҷоми футболи ҷаҳон дар Маскав баргузор шуд, шахсан сарони кишварҳои ҳамсуд тамошо карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба варзишгоҳи "Лужники" барои тамошои бозӣ рафт.

Ҳангоми расидан ба фурудгоҳи Маскав, Эмомалӣ Раҳмон бо тилисми мусобиқот —  Волк Забивака тӯббозӣ кард ва каме сӯҳбат кард: раисҷумҳур пешгӯӣ кард, ки нахустин голро Русия мезанад.

"Кодом даста нахустин шуда тӯбро ба нишон мерасонад? Ман фирк мекунам, дастаи Русия", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон ба Волк Забивака, ки гӯё дақиқ медониста бошад.

Дар ҳақиқат ҳам, аввалин голро футболбози тими Русия Юрий Газанский ба дарвозаи дастаи Арабистони Саудӣ зад. Пешбинии раисҷумҳури Тоҷиикистон Эмомалӣ Раҳмон раст баромад.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар маросими кушодашавии Мусобиқоти футбол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла аз Узбакистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигарон иштирок карданд.

Дар рӯзи нахустини кушодашавии мусобиқот аввалин шуда, тимҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Бозиҳои футбол ва рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Россия гузаронида мешавад.

Дар сабқати аввал Руссия Арабастони Саудиро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.