Путин иди саиди Фитрро бар мусалмонони Русия муборакбод гуфт

Раисҷумҳур таъкид кард, иди саидро дар саросари кишвар таҷлил мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мардуми кишварро бо фарорасии иди Рамазон муборакбод гуфта, таъкид кард, ки ошно кардани ҷавонон ба анъана ва урфу одатҳои гузаштагон муҳим аст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.

Путин таъкид кард, ки ин ҷашнро дар саросари кишвар таҷлил мекунанд ва ташкилотҳои динӣ  дар ҳаёти иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат мекунанд. Нақши онҳо дар эҳёи арзишҳои хонаводагӣ, амалҳои хайр ва маърифатнокии ҷомеа муҳим аст.

 "Аз ҳама муҳимаш ҷавонон ба анъана ва урфу отатҳои гузаштагонашон ошно мешаванд. Ин фаъолияти бузург, босамар арзандаи эҳтиром ва дастгирии Ҳукумат  аст", — навиштааст Путин дар телеграмм.

Иди саиди Фитр яке аз ду идҳои бузурги Ислом аст. Иди Рамазон пас аз анҷоми  моҳи Рамазон таҷлил мешавад. Мусалмонони тоҷике, ки дар муҳоҷират дар Русия қарор доранд, якҷо бо мусалмонони Русия бо шукӯҳ ин ҷашнро таҷлил мекунанд.