Минбаъд ришваситонҳоро дар Тоҷикистон танҳо зиндон интизор аст

Дар Тоҷикистон аз ҳоло ба баъд нафароне, ки ба ҷурми ришвагирӣ маҳкум мешаванд, наметавонанд бо роҳи пардохти ҷарима озод шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ҷазо барои ришваситонӣ дар Тоҷикистон сангинтар шуд.

Дар Тоҷикистон бар асоси тасмими порлумон ришвагирон акнун равонаи зиндон хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Тоҷикистон,  ин маҷлис рӯзи гузашта аз ислоҳи бархе аз моддаҳои ойинномаи кайфарии кишвар, ки ҳукумат онро пешниҳод кард, пуштибонӣ кард.

Як мансабдори тоҷик аз шаҳрванди Афғонистон иҷборӣ 800 доллар ришва талаб кард

Акнун ришвагирон, ки қабл ҷарима мешуданд, барои ин навъи ҷурм ҳабс хоҳанд шуд.

Тоҳир Нурзода, муъовини раиси ожонсии мубориза бо фасодди кишвар дар суханронии худ дар порлумони гуфт, ки бар асоси ислоҳи ин қонун онҳое, ки ба ҷурми ришвагирӣ маҳкум шудаанд, наметавонанд, ки бар ъивази ҷаримаи пулӣ ба озодӣ роҳ ёбанд.

Ёдрас мешавем, моҳҳои январи соли равон як масъули баландпояи тоҷик барои ришваситонӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Аскар Нурализода, муовини сардори Сарраёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, маҳкум ба 11 соли зиндон шуд.

Ин масъул дар поёни моҳи сентябри соли 2017 ба ҷурми гирифтани камобеш 500 ҳазор дулор ришва дастгир шуда буд. Ҳизби халқӣ — демократӣ бедиранг ӯро аз сафаш ихроҷ ва узвияташ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомониро ҳам боз доронд.

Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро муҷрим шинохта ва маҳкум ба 11 сол ҳабс дар зиндон кардааст.