Ҳушдор: дар Тоҷикистон дар рӯзи иди Рамазон борону раъду барқ ва хокрезиш дар назар аст

Ҳавошиносон иттилоъ додаанд, ки шурӯъ аз имрӯз дар кишвар ҳаво номусоид гашта, боридани борон ва хокрезиш пешбинӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 15  июн дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҳолат пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти шамол аз самти ғарб ба 20-25 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боиси ба амал омадани чангу ғубор мегардад.

Имрӯз, 14 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +10+ 15 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба сати ғарб дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, танҳо охирҳои рӯз боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  шабона +17+19 ва рӯзона +33 +35 дараҷа гарм мешавад.