Абдураҳмон Қодирӣ, вакили Маҷлиси Олӣ истеъфо дод

Бар асоси иттилоъот, рӯзи 22 июн дар шаҳри Хуҷанд понздаҳумин ҷаласаи маҷлиси намояндагони мардуми вилояти Суғд барпо мегардад ва дар он номзади вакили нави Маҷлиси Олӣ аз вилояти Суғд баррасӣ хоҳад шуд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти  Суғди Тоҷикистон бо ихтиёри худ аз узвияти Маҷлиси Олии кишвар даст кашид, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

"Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии маҳаллӣ, дар ин бора як манбаъ дар порлумони Тоҷикистон гуфтааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бар асоси иттилоъот, рӯзи 22 июн дар шаҳри Хуҷанд понздаҳумин ҷаласаи маҷлиси намояндагони мардуми вилояти Суғд барпо мегардад ва дар он номзади вакили нави Маҷлиси Олӣ аз вилояти Суғд баррасӣ хоҳад шуд

Манбаъ пешбинӣ кардааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода, устондори феълии Суғд вакили нави Маҷлиси Олӣ аз вилояти Суғд хоҳад шуд.