Саймумин Ятимов ҳамтои узбакистониашро дар Душанбе шахсан пешвоз гирифт

Раиси Хадамоти бехатарии давлатии Узбакистон Ихтиёр Абдуллоев, имрӯз 12 июн бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Имрӯз, 12 июн ҳайъати меҳмонони Хадамоти бехатарии давлатии Узбакистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омаданд.

Бино бар иттилои хабаргузории ТоҷикТА, ҳаъатро раиси ХБД Узбакистон Ихтиёр Абдуллоев сарварӣ мекунад.

"Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар фурудгоҳи Душанбе ҳамтои узбакистониашро шахсан пешвоз гирифт", — менависад манбаъ. 

Дар назар аст гуфтушунидҳои роҳбарони хадамоти махсуси  Тоҷикистон ва Узбакистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ сурат гирифта, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Узбакистон имзо шавад.

Ҳамчунин меҳмонон зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос мешаванд.

Пештар раиси КДАМ ҶТ ба ҷумҳурии Покистон сафар карда буд.

Ятимов дар доираи сафараш ба Покистон  бо Мушовири Сарвазири ин кишвар оид ба масъалаҳои амниятӣ Носир Хон Ҷанҷуа, Сардори артиш Қамар Баҷва ва роҳбарони дигар ниҳодҳои қудратӣ дидору мулоқот анҷом дод.

Мобайнҳои моҳи май ҳамчунин, Ятимов бо раисҷумҳури Афғонитон Ашраф Ғанӣ масоили марзиро баррасӣ карда буд.