ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, ин нишаст бо ҳузури муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ва муовини идораи муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Русия баргузор шуд.
Нуруллоҳ Муҳаммадуллоҳзода муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, дар ин нишаст бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Русия дар умури муҳоҷират, дифоъ аз манофеъ ва ҳуқуқи иҷтимоии коргарони тоҷик, тадвини барномаи созмонедҳии эъзоми ин афрод аз Тоҷикистон бар асоси ниёзи бозори кори Русия ва омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаии онон таъкид шуд.
Димитрий Димиденко муовини идораи муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Русия низ гуфтааст, мавзӯи афзоиши замони сабти номи коргарони муҳоҷири тоҷик ва афв кардани бархе аз онон, ки ба далели нақзи қонунҳои кор ва иқомат аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Нишасти баъдии коргуруҳи муштараки Тоҷикистон ва Русия дар умури муҳоҷират дар нимаи дувуми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мақомоти идораи муҳоҷират вобаста ба вазорати умури дохилаи Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишварро як миллион нафар унвон мекунанд.
Аммо созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия эълом кардаанд, теъдоди ин афрод байни як миллиону 500 ҳазор то ду миллион нафар аст.