Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кард

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавориро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

"Дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Дафтари матбуотӣ меафзояд, ҷонибҳо дар ин дидор вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавориро баррасӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ахиран ташрифи Шавкат Мирзиёев дар таърихи 9-10-уми март аввалин сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар 18 соли охир буд. Онро муддати тӯлонӣ интизор буданд, омодагии ҷиддӣ бо миқёси муносиб дида шуд.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи мулоқоти самараноки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев 27 созишнома ба имзо расида, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Содагардонии низоми раводид, барқарор кардани фаъолияти роҳи оҳани байни ду кишвар, Созишномаи қитъаи сарҳади давлатӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва маориф, истифодаи захираҳои энергетикӣ ва ҳамкори дар масоили байналмилалӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои СҲШ бо Владимир Путин, Сооронбой Ҷээнбеков ва Ашраф Ғанӣ низ мулоқот орост.