Дар Русия 17 тон олуи Тоҷикистонро нобуд карданд

Кормандони ВУД Русия вуруди даҳҳо тон олу, себ ва чормағзи заминии зараррасонро ба вилояти Свердловски Русия пешгирӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон мехостанд ғайриқонунӣ даҳҳо тонн меваҳои мамнуъшударо  ба монанди олу, себ ва бодоми замини ба Русия ворид намоянд, иттилоъ додааст Росселхознадзори Русия.

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз тарфи кормандони Хадамоти ФСБ  ва ВУД Русия ҳангоми вуруд 17 тонн олуи мамнӯъшуда дастгир шуд. Маводи қочоқӣ ҳангоми тафтишоти назоратӣ дар 170-ум километри роҳи М5 "Урал" пайдо шуд. 

Кормандони назорати фитосанетарӣ олуҳои зарароварро сари вақт ошкор намуда, онҳоро нобуд сохтанд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон барои вориди олуҳояш ба Русия ҳуҷҷати назорати фитосанетарӣ надошта аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо 2 кило себ ва 1 кило чормағзи заминӣ дастгир шуд.

Қаблан дар фурудгоҳи "Внуково"-и шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон барои ворид намудани шафтолуҳое, ки кирми мева доштанд,  дастгир шуда буд.

Лозим ба ёдоварист, ки ба сабаби борҳо вайрон кардани қоидаҳои вориди маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия соли 2014 воридоти бархе аз меваҷотро ба кишвар манъ кард.

Қаблан соли 2012 чунин чораҳо аз тарафи Росселхознадзори Русия қабул шуда буданд.