Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ: сулҳи Афғонистон омили амнияти Тоҷикистон аст

"Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Тоҷикисон таъмини сулҳу суботро дар Афғонистонро омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонад", - хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Имрӯз, 9 июни соли дар шаҳри Чиндаои  Чин дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай  Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот кард.

"Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Тоҷикисон таъмини сулҳу суботро дар Афғонистонро омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонад", — хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфа мешавад, раисҷумҳур зарурати ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин пурзур кардани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистонро таъкид кард.

Ҷонибҳо  инчунин масъалаи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг, баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот татбиқи тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии энергетикӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ду кишвар махсус  дар бахши энергетика, аз ҷумла лоиҳаи "САSA-1000", роҳандозии лоиҳаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳани "Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон" ҳамчун омили беҳсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маънидод карда шуд.