Раҳмон аз Путин хост, ки пас аз авфи муҳоҷирон мӯҳлати будубоши онҳо тамдид шавад

Аз рафти татбиқи табдирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла эълони авф ба як қисми шаҳрвандон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон изҳори қаноатмандӣ карда шу
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот бо раисҷумҳури Русия бори дигар масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ кард.

Ёдрас мешавем, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои СҲШ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ҷониби Тоҷикистон аз татбиқи табдирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла эълони авф ба як қисми шаҳрвандон ва беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон изҳори қаноатмандӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба Владимр Путин пешниҳод кард, ки мӯҳлати сабти ном ва иҷозатномаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия тамдид шавад.

Ёдрас мешавем, ин масъала дар рафти дидори Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Русия Дмитрий Медеведев низ баррасӣ шуда буд.

Моҳҳои июни соли гузашта Русия пас аз сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бештар аз 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро авф карда буд.