Made in Сhina: фурӯши 20 ҳазор намуди бозичаи пастсифат дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд

Агентии Тоҷикстандарт фуруши зиёда аз 20 ҳазор намуди бозичаҳоро, ки ба стандарт ҷавобгӯ нестанд манъ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik.  Нозирони Агентии Тоҷикстандарт дар бозору фурӯшгоҳҳои пойтахт санҷиш гузаронида, фурӯши зиёда аз 20 ҳазор  намуди бозичаҳоро, ки ба стандарт ҷавобгӯ нестанд, манъ кардааст.

Тавре агентии "Тоҷикстандарт"  хабар додааст, "таҳлилу санҷишҳо нишон доданд, ки дар бозорҳои дохилии мамлакат теъдоди зиёди бозичаҳои бесифату ғайристандартӣ ба фурӯш гузошта шудаанд".

"Маълум гардидааст, ки асосан ин гуна бозичаҳои ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуда аз хориҷи кишвар хусусан аз Чин ба таври қочоқ  ворид шуда, дорои иҷозатномаи мутобиқати стандарт нестанд" — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

"Ташхисҳо муайян кард, ки қисми зиёди бозичаҳо барои солимии кӯдакон зарари ҷиддӣ мерасонад",- гуфта мешавад дар гузориши "Тоҷикстандарт".

Маводи пластикие бозичаҳо аз он сохта шудаст, хеле чарсу зудшикананда аст. Дар ҳолати бозӣ кардан хеле зуд шикастани он эҳтимол дорад ва он метавонад бадани нозуки кӯдакро халида барояш зарари ҷисмонӣ расонад.

Инчунин Тоҷикстандарт ба сокинони пойтахт муроҷиат намудааст, ки замони харидани бозича барои кудакони худ аз фурӯшанда сертификати мутобиқати сифатро талаб намоянд.