ВУД ҷузъиёти даст ба куштор задани писари генерал Раҷаб Ширинро тавзеҳ дод

Бобоҷон Шарипов – писари генерал Раҷаб Ширин ҳамсари собиқи худро 14 корд зада ба ҳалокат расондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи даст ба куштор задани писари генерал Раҷаб Ширинро тавзеҳ додааст.

Манбаъ менависад, 6 июн соатҳои 22:40 ба беморхонаи шаҳри Душанбе Моҳира Ятимова-сокини 33-солаи шаҳри Душанбе ва собиқ арӯси хонаводаи генерал Раҷаб Ширин бо ҷароҳатҳои вазнин дастрас карда шуд.

Мутаассифона табибон натавонистаанд, Моҳира Ятимова аз чанголи марг халос кунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, милисаи шаҳри Душанбе дар натиҷаи амалиёти бозҷӯӣ Бобоҷон Ширинов-писари генерал Раҷаб Ширин ва ҳамсари собиқи занро дастгир кардааст.

Тафтишот тавзеҳ намедиҳад, ки ҷанҷол байни зану шавҳари собиқ бо чӣ далел сар зада буд, аммо ба бадани Моҳира Ятимова 14 корд задаанд.
ВУД афзудааст, тафтишот идома дорад.

Генерал Раҷаб Ширин — яке аз масъулини шинохта ва дар гузашта пурнуфузи Тоҷикистон, аз миёнаҳои солҳои 90-ум то соли 2007 сардори Идораи Политсияи андози Тоҷикистон буд.

Баъдан Раҷаби Ширин муовини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардид.

Моҳи феврали соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон генерал Раҷаб Ширинро аз мақомаш барканор кард.