Дар Суғд маркази савдои бузурги "Самарқанд" ифтитоҳ шуд

Маркази савдои мазкур дар заминаи барқароршавии равобити дӯстонаи Тоҷикистону Узбекистон “Самарқанд” номида шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik.   Дар шимоли Тоҷикистон, дар шаҳри Бӯстон  калонтарин маркази савдо бо номи "Самарқанд" ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

"Маркази савдои мазкур дар заминаи барқарории равобити дӯстонаи Тоҷикистон бо Узбакистон ва рамзи таҳкими дӯстиву рафоқат бо кишвари ҳамсоя "Самарқанд" номгузорӣ карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

"Самарқанд" бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ёдгор Мамадов ва Абдулаҳай Шарипов таҷдид гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Маркази савдо дар кӯчаи А.С.Пушкин воқеъ буда,ба муштариён маҳсулоти нисбатан арзон пешниҳод мекунад.