Путин гуфт, ки ба ғайр аз раёсати кишвар боз аз дасташ кадом корҳо меоянд

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки ба ҳар коре, ки даст задааст, мувифиқи завқаш буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки агар раисҷумҳур намешуд, кадом касбро ихтиёр мекард.

"Ман дар истихбороти Иттиҳоди Шӯравӣ, истихбороти хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардаам. Ин касби ман аст. Ғайр аз ин, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Петербургро хатм кардаам, усулан метавонистам чун ҳуқуқшинос ҳам кор кунам", — гуфт Путин дар мусоҳиба бо расонаҳои Чин.

Дар ҳамин ҳол, Путин афзуд, ҳар ҷое ки кор кард, мувофиқи завқаш буд.

Ҳамчунин раисҷумҳур дар рафти мусоҳиба гуфт, ки ҳаррӯз машқи бадан мекунад.

"Ҳар рӯз 2-2,5 соат ман ба варзиш машғул мешавам: шиноварӣ мекунам, агар варзишкори дигаре бошад ба дзюдо машғул мешавам ва хоккейбозӣ мекунам",- афзуд вай.

Дар мавриди футбол, раисҷумҳур нақл кард, ки кадом варзишкоронро аз беҳтаринҳо мешуморад.

"Байни футболбозони Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ-Лев Яшин, хориҷиён Пеле ва Марадонаро меписандам",-афзуд вай.

Пештар кишвардори Русия дар мусоҳиба бо рӯзноманигори австралӣ аксҳои "нимбараҳна"-и худро тавзеҳ дода буд.

Раисҷумҳур гуфт, ки он аксҳо ҳангоми истироҳат бардошта шудаанд ва мунташир кардани онҳоро дуруст мешуморад.